Рафтани мард ба назди зани масҳгар

Савол 6358

Ман панҷ вақт намоз мехонам. Баъзан дар баданам дард эҳсос мекунам ва барои масҳ гирифтан назди зане меравам, на бо мақсади алоқаи ҷинсӣ. Оё ин амал гуноҳ аст ва ҷазои он чист?

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Мо ин саволро ба Шайхи бузургвор Муҳаммад ибни Солеҳ Ал-Усаймин пешниҳод кардем.

Ӯ (Аллоҳ ӯро ҳифз кунад) чунин посух дод:
"Ҷоиз нест, ки мард занро масҳ кунад ва ё зан мардро масҳ кунад. Хусусан, агар зан ҷавон бошаду мард низ ҷавон, ҳатман метавонад чизе ба миён ояд". Поёни сухан.

Эй бародарам! Шариъат барои бастани тамоми роҳҳое омадааст, ки ба фитна мебаранд ва ба ҳар ду ҷониби муносибат ё яке аз онҳо таъсир мегузоранд. Дар масҳ баъзе узвҳои баданро мекушоянд ва бевосита ба бадан даст мерасонанд, аз ин рӯ, ин роҳи хатарноке барои фитна ва барангехтани шаҳват ба шумор меравад.
Пас, дар ҳолати зарурат кӯшиш кун, ки мутахассиси мардеро пайдо намоӣ, то ин корро бароят анҷом диҳад, ё яке аз аҳли хонаводаат ин корро омӯзад ва ниёзи туро бароварда созад. Аллоҳ мову шуморо ба он чӣ дӯст медорад ва мавриди хушнудии Ӯст, муваффақ гардонад.

Сарчашма

Тиббу табобат

Сарчашма: 

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play