35

Оё зуҳури Даҷҷол, Исо ё Маҳдӣ дар замони мо мумкин аст?

Савол: 3259

Ман бисёр нишонаҳои қиёматро хондаам, оиди зоҳир шудани Маҳдӣ, Доҷҷол ва Исои Масеҳ (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва инчунин нишонаҳои зиёде, ки паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пешгӯӣ карда буд. Ин нишонаҳо маро ба ҳайрат оварданд, зеро ки қариб ҳамаи онҳо амалӣ шудаанд ё ҳоло рӯй дода истодаанд. Хусусан нишонаҳое чун зуд гузаштани вақт, афзоиши шаробнӯшӣ, зиёдшудани зинокорӣ, паҳн шудани суруду мусиқӣ ва ғайра.

Саволи ман чунин аст: Оё ба назари шумо, зуҳури яке аз се нафари номбаршуда - Маҳдӣ, Доҷҷол ва Исо - хеле наздик аст ва мумкин аст дар замони зиндагии мо рӯй бидиҳад? Аллоҳ бароятон подоши некӯ бидиҳад.

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Зоҳир шудани се нишонаи бузург — Маҳдӣ, Доҷҷол ва нузули Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) — ҳатман рух хоҳад дод, чуноне ки дар далелҳои саҳеҳ зикр шудааст. Зуҳури ин се нишона ба ҳам наздиканд, зеро Исо (дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар паси Маҳдӣ намоз мегузорад ва Доҷҷолро мекушад, чунончи дар ҳадисҳои саҳеҳ омадааст. Аммо оиди замони рух додани ин воқеаҳо, Аллоҳ таъоло онро медонад. Дар мавриди он, ки оё он ба зудӣ рух медиҳад, далелҳои Шариъат ба он далолат мекунад, вале он дар замони ҳаёти мо хоҳад шуд ё баъд аз мо — ин аз ҷумлаи ғайб аст ва онро танҳо Аллоҳ медонад. Мусалмон бояд аз тамоми фитнаҳо, хусусан аз фитнаи Доҷҷол ба Аллоҳ паноҳ бибарад ва дар ниҳону ошкор аз Аллоҳ таъоло талаб намояд, ки ӯро дар зиндагии дунё ва дар охират ба сухани устувор пойдор дорад.

Сарчашма

Сарчашма

Шайх Муҳаммад Солеҳ Ал-Мунаҷҷид

at email

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

phone

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

download iosdownload android