Кадоме беҳтар аст, тасбеҳу таҳмид ё дуруд бар паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод)

2,035

Савол 12207

Кадоме савоби бештар дорад?

Гуфтани:

اللَّهُمَّ صَلِّ عَلَى مُحَمَّدٍ وَسَلِّمْ

"Аллоҳумма салли ъало Муҳаммадин ва саллим".

(Эй Аллоҳ, ба Муҳаммад дуруду паём бифирист).

Ё гуфтани:

‫سُبْحَانَ اللهِ وَبِحَمْدِهِ ، وسُبْحَانَ الله الْعَظِيم

"Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, ва субҳоналлоҳил ъазим".

(Аллоҳ пок аст ва Ӯро ситоиш мекунам ва Аллоҳи бузург пок аст).

Матни ҷавоб

Ҳамду сано барои Аллоҳ ва дуруду паём ба расулуллоҳ ва баъд:

Ҳамду сано барои Аллоҳ.

Ҳардуи онро ҷамъ менамоем. Дуруд бар паёмбар пеш аз дуо ва баъд аз дуо мустаҳаб аст. Ворид шудааст, ки дуруд бар паёмбар сабаби қабул шудани дуо аст. Инчунин гуфтани ин зикр:

‫سُبْحَانَ اللهِ وَبِحَمْدِهِ ، سُبْحَانَ الله الْعَظِيم

"Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи, субҳоналлоҳил ъазим".

(Аллоҳ пок аст ва Ӯро ситоиш мекунам ва Аллоҳи бузург пок аст).

Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст, ки ҳардуи он аҷри зиёд доранд.

Сарчашма

Зикрҳои шаръӣ

Сарчашма: 

Шайх Абдуллоҳ ибни Ҷибрин

Хадамоти обуна тавассути почтаи электронӣ

Ба рӯйхати почтаи электронӣ ҳамроҳ шавед, то навигариҳои сомона ва навсозиҳои даврӣ дастраси шумо гардад

Барномаи ИсломQA

Доступи суръати зиед ба мазмун ва имконияти парракашшудан бе-Интернет

App StoreGoogle Play